АНДЕША. Вазъи ноороми ҷаҳони муосир, раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, идома ёфтани низоъ ва задухурдҳои мусаллаҳона дар гӯшаҳои гуногуни олам боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст. Чи тавре дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст «Ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд. Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад».
Дар чунин вазъият кишвари мо аз хавфу хатарҳои рӯз то рӯз афзоянда, алалхусус терроризму экстремизм эмин нест. Давлати мо дар дохилу хориҷ душманони зиёде дорад, ки пешрафту тараққиёти онро дидан намехоҳанд. Ин нукта борҳо дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон садо додааст.
Дар ҷумҳурӣ бо қарори Суди Олӣ фаъолияти 17 ташкилотҳои террористию экстремистӣ манъ карда шудааст. Аз ин номгӯ ташкилоти террористӣ – экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки роҳбарону фаъолони он бо роҳбарии хоини миллат М. Кабирӣ аз тарси ҷазо дар назди қонун дар Аврупо зиндагии гадоёнаро ихтиёр кардаанд, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба он равона намудаанд, ки бо суханҳои бардурӯғ, тӯҳмату бӯҳтон Тоҷикистонро дар чашми хориҷиён давлати ғайридемократӣ, худро гурезаи сиёсӣ ва террористони маҳбусшударо маҳбусони сиёсӣ нишон диҳанд. Дар акси ҳол онҳо аз ёрии пулию молие, ки ба онҳо медиҳанд, маҳрум мемонанд ва маҷбуранд, турбаи гадоӣ ба гардан овезон намуда, талбандагӣ намоянд. Чунки онҳо ба ғайр лақидани бофтаю сахтаашон, ки ягон одами солимақл ба онҳо бовар намекунад, дигар ҳунаре надоранд.
Роҳбарони ТТЭ ҲНИ аз ибтидоии фаъолият бо макру ҳилла аз вазъияти ногувор худро раҳо менамуданд. Баъди иҷрои амали террористие, ки бо дастур ва маблағгузории роҳбарони ҲНИ ба анҷом расонида мешавад, онҳо онро ба дигар ташкилоти террористӣ нисбат медиҳанд. Азбаски бунёди ин ҳизб афкори террористиву зиддиинсониро ҳадаф қарор додааст, ҳамеша ин усули ихтирокоронаи худро истифода мебаранд. Чунончӣ барои бесаранҷом намудани мардуми кишвар ва зарба задан ба ҳадафҳои Давлати Тоҷикистон , ки соли 2018 – ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон доштааст, дастпарварони ин ҳизби хунхори террористӣ ба сайёҳони хориҷӣ, ки ҳама аз Аврупою Амрико буданд, ҳамлавар шуданд ва чор куштаро ба ҷой гузоштанд. Нерӯҳои интизомӣ дар як муддати кӯтоҳ ҷинояткоронро дастгир намуданд ва собит карданд, ки онҳо террористоне ҳастанд, ки аз мактаби таълимии ТТЭ ҲНИ гузаштаанд ва мансуб ба ин ҳизбанд. Дар ҳамин ҳодиса ҳам ТТЭ ҲНИ бо истифода аз ҳамон усул амали анҷомдодаи террористиро ба дигар гурӯҳ, аз ҷумла «Давлати исломӣ» нисбат доданӣ шуд.
Аммо тамоми санаду далелҳо имрӯз исбот кардаанд, ки ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ҷанги таҳмилӣ буд ва он аз берун бо дасти роҳбарону фаъолони ин ҳизб барангехта шуд. Қотилони кушторҳои бадномкунандаи олимон, донишмандон ва шахсиятҳои маруфи ҷумҳурӣ ба мисли Осимӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Исоқӣ, Олимпур, Сайф Раҳим, Сафаралӣ Кенҷаев, Нурулло Ҳувайдуллоев ва бисёр дигарон, иштирокдорони воқеоти моҳи сентябри соли 2015, баромади иқрории таъсисдиҳандагони ин ҳизб ба мисли Абдураҳим Каримов (Мулло Абдураҳим), Сайид Қиёмиддини Ғозӣ (бо ном генерали мардумӣ), мубалиғи ин ҳизб Айёмиддин Сатторов ва дигар фаъолон ва фиребхӯрдагон тасдиқи он аст, ки ҲНИ аз рӯзи аввали таъсисаш ташкилоти террористӣ – экстремистӣ буд ва ҳаст. Агар кас ба гузаштаи на чандон дур назар андозад, худ ба чунин хулоса меояд. Аксари мардум шоҳид аст, ки наҳзатиҳо чангро аз масҷидҳо сар карда буданд. Дар бисёр ҳолат наҳзатиҳо ва тарафдоронашон ба тарафи муқобил бо чӯбу калтак, оҳан ва корд ҳамла менамуданд. Оқибати ин кор ба гирдиҳамоӣ дар майдонҳо ва ахиран ба ҷанги бародаркуш анҷомид.
Вақте ки майдонҳо ташкил шуданд, дар ҳар ду майдон шумораи зиёди одамон ҷамъ омада буданд. Вале да аввалин садои тир, дар майдони бо ном «шаҳидон» ба ғайр аз роҳбару аъзоён ва тарафдорони ин ҳизб, ки шиорҳои бардурӯғро ба миён гузошта, мақсади асосии худро пинҳон медоштанд, касе намонда буд.
Фаъолони ҳамин ҳизб собиқ Президенти ҷумҳурӣ Раҳмон Набиевро маҷбур сохтанд, ки бо ариза аз вазифа даст кашад.
Далели дигар. То вақте ки роҳбарони ин ҳизб ба шартҳои ба миёнгузоштаашон ноил нагардиданд, ба сари мизи гуфтушунид нанишастанд ва то онҳо ба шартномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ имзо нагузоштанд, ҷанги шаҳрвандӣ дар ҷумҳурӣ хомӯш нагардид. Имзои шартномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ аз тарафи раиси ҲНИ Сайид Абдуллои Нурӣ далели он аст, ки ҳамаи гуруҳҳои яроқноки дар он замон дар минтақаҳои ҷумҳурӣ буда, таҳти роҳбарии ТТЭ ҲНИ фаъолият менамуданд. Маҳз ТТЭ ҲНИ онҳоро бо маблағ ва яроқ таъмин менамуд.
Роҳбари ТТЭ ҲНИ М. Кабирӣ то он андоза маккор ва ҳиллагар аст, ки сухани ҳақро ноҳақ ва ноҳақро ҳақ маънидод менамояд. Аз ҳамин рӯ, зарур донистанд, ки Айёмиддин Сатторов яке аз таъсисдиҳандаи ҲНИ, ҳамсафи Сайид Абдуллои Нурӣ, мубалиғи ин ҳизбро барои баёни хақиқати ҳол, ки ҲНИ дар ҳақиқат ташкилоти террористӣ – экстремистӣ буда, роҳбарони он барои манфиати шахсӣ қодиранд Ватан, миллат ва ҳатто фарзанди худро қурбон намоянд, ба маҷлиси солонаи САҲА ба Варшава даъват намуданд. Дар ҳамон ҷо ҳам наҳзатиҳо шиореро, ки дар он бо забони англисӣ талаб карда шуда буд, ки маҳбусони сиёсиро озод намоед (маҳбусони сиёсии онҳо ҳамон террористоне ҳастанд, ки олимон, донишмандон, шахсиятҳои маъруфро ба қатл расонидаанд, онҳоеанд, ки хостанд табаддулоти давлатӣ намоянд, ҳамонҳоеанд, ки сайёҳони хориҷиро ба қатл расониданд ва дигарҳо) ба дасти Айёмиддин Сатторов додаву акс бардоштан мехостанд. Намояндагони Тоҷикистон ба таври зӯрӣ садди роҳи аксбардории наҳзатии хира мегарданд. Дар акси ҳол кӣ медонад, дар зери акси бардошта аз номи Айёмиддин Сатторов чӣ гапҳоеро наменавиштанд. Сухани иқрории ӯро бо ҳамин акс дурӯғ мебароварданд.
Дар ин бархурдҳо мо, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро зарур аст, ки ҳамеша дар байни омма бошем, онҳоро аз вазъияти сиёсӣ, иқтисодии кишварамон огоҳ намоем, мақсадҳои нопоки ташкилотҳои террористиро, ки шумораи онҳо торафт меафзояд, фаҳмонем. Мардумро, алалхусус ҷавононро бо роҳи дуруст - дӯст доштани Ватан, миллат, мазҳаб, корҳои созандагию бунёдкорӣ ҳидоят намоем.
Дар сурати ноил гардидан ба ин ҳадаф, худро аз хавфу хатари ташкилотҳои террористӣ – экстремистӣ эмин ҳис менамоем.
Наргис Ҳикматова – узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг