БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёни бадбахт роҳи зиндагии худро гум кардаанд

ВОКУНИШ. Ҳамаи он суханоне, ки наҳзатиён барои фирефта кардани ҷомеа мегӯянд, дар решаи худ ба ҳадафҳои ниҳоии ТТЭ ҲНИ мухолифат мекунанд, ки тули даҳсолаҳо бетағйир мондаанд ва бо амалияи хунин озмуда шуда истодаанд– тағйири зӯроваронаи сохтори давлатӣ, ташкили давлати исломӣ ва ҷорӣ намудани тартиботи шариатӣ дар Тоҷикистон.

Дар алоқа ба ин кофист ба хотир орем, ки солҳои 90-и қарни 20 ба ҷангиёни ҲНИ муяссар гардида буд, ки дар муддати кӯтоҳ дар минтақаи кӯҳии шарқи Тоҷикистон ҷумхурии худро таъсис диҳанд ва аввалин дастурҳои ин давлати худэълон чунин буданд – манъи баромадани занон аз хона, мондани риши дароз ба мардон на кам аз чор ангушт, манъи рафтани духтарон ба мактаб, даъвати ҳатмӣ ба хизмат, ду муҷоҳид аз ҳар оила, ба ихтиёри ҷангиён додани захираи озуқавории мардум-орд, асл, чорво, картошка, себ ва ғайра, манъ кардани мусиқӣ дар ҷашнҳо ва монад ба ин. Агар ин дастур ва фармонҳои «халифа»-и ҲНИ-ро бо дастуру фармонҳои ДИИШ муқоиса кунед, ягон фарқият дида намешавад…

Кӯшишҳои бебарори ТЭТ ҲНИ солҳои охир дар самти ҷомеаи ҷаҳонӣ чун «мухолифини таҳриқшудаи сиёсӣ» ҷилва додани паймони миллиро таъсис диҳанд. Ана барои чӣ пайдо шудани чунин булаҷабӣ «гибридӣ» чун «паймони миллӣ» лозим шудааст.

Аммо дар таърихи муосири Точикистон ТТЭ ҲНИ худашро дар солҳои 90-и қари гузашта хеле сияҳ намуд. Дастони ӯ ба ҷинояти хунини террористӣ олуда аст, ки дар садҳо ҷилд корҳо ҷиноятӣ ва ҳазорҳо далел тасдиқ шудаанд. Ва чӣ қадаре, ки хоҷагон ва сарпарастони хориҷии ТТЭ ҲНИ аз ин далелҳои таърихӣ дурӣ ҷӯянд, ин ба онҳо муяссар нахоҳад гардид. Мавриди рӯи кор омадани Паймон, на зиёда аз ин вазифаҳои оинномавии эълоншуда беш аз як саҳнае нестанд. Муҳиддин Кабирӣ ошкоро изҳор медорад, ки Паймон мағзшӯии идеологии шаҳрвандони Тоҷикистонро бо мақсади боло бардоштани шиддати иҷтимоӣ дар ҷомеа ва муташаниҷ гаштани вазъ дар кишвар, сияҳкӯнӣ ва таҳрифи фаъолияти мақомоти давлатии Тоҷикистон дар фазои иттилоотии ҷаҳонӣ, тайёр карадани замина барои ҷалб ва истифодабарии шаҳрвандон дар фаъолияти террористии худ пеша намуда истодааст.

Ташкили Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон (КШНЗТ), ки бо ин ихтилоф оромии Тоҷикистонро ба ҳам задан мехоҳанд ва махсусан муҳоҷирони аз Ватан дурро ба худ ҷалб намуда истодааст, исботи онро мекунад, ки терроризм ҳаду канор, марзу бум надорад,юҳатто дар хориҷа ҳам бошад. Ин ҳамоиш саҳнаи нав барои намояндагони давлатҳои хориҷ мебошад, ки ин террористонро дар кишвари худ маскун намудааст.

Тамоми шаҳрвандони ҷумхуриро зарур аст, ки бар зидди нақшаҳои харобкоронаи террористон дар ҳамбастагӣ мубориза бурда, иҷозат надиҳанд, ки ин душманони миллат дубора сабабгори ҷангу низоъ дар кишвари биҳиштосоямон гарданд.

Сатторов Абдуалимзви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg