БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи мо шаҳрвандон

А.ҶОМӢ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар  ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Абдулқосими Фирдавсӣ»-и кӯчаи ба номи Фирдавсии ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба расонидани муҳтавои Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дарназардошти эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Вобаста ба ин Самадзода Саёҳат мудири шуъбаи кор. бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар бораи баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ, ҳодисаҳои нангине, ки  дар давлатҳои хориҷа, аз ҷумла Сурияву Афғонистон ба вуқӯъ омада истодаанд, ки сабаби марги мардуми бегуноҳ гардидааст, маълумот дода, дар якҷоягӣ бо иштирокчиён амалҳои хоинонаи Ватанро сахт маҳкум намуда, дар назди худ вазифа гузоштанд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар самти ин амалҳои ваҳшиёна мубориза хоҳем бурд ва Ватани азизу маҳбубамонро аз хавфу хатарҳои ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ  ҳифз менамоям.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg