
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Лоиҳакаш» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки тайи ду соли охир татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» амалӣ гардида, тадбирҳои афзалиятноки давраи аввали он ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ворид шудаанд ва нишондиҳандаҳои маҷмӯи рушди иқтисодӣ асосан иҷро гардида истодаанд.