БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҳизби масъулиятпазир ва тақдирсози миллат

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша-чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шифо” оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Ваҳобиддин Абдуллоев иштирок дошта, дар бораи  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,   дар байни васеъи омма бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби мутахаассисони соҳаи тундурустӣ  оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз муоинаи тиббӣ гузаштани навхонадорон, шаҳрвандони аз муҳоҷирати  меҳнатӣ баргашта, муборизаи дастаҷамъонаи муқовимат бо коррупсия, пешгирии  шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ, тарбияи дурусти насли наврасу ҷавонон ва ҷалби онҳо ба касбу ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани савияи дониши онҳо, ба фаъолият оғоз кардани агрегати якуми НБО-и Роғун бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати милли, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, ҷамъомадагонро барои  амалигардонии  сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат ҷиҳати ҳифзи солимии ҷомеа ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ наҳнамоӣ кард.    

Инчунин, дар идома  мавсуф моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣтаҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”-ро ба ҳамагон фаҳмонида, аз онҳо  ҷиҳати  обод кардани гӯшае, ҳалли мушкилоти маҳалли зисти худ, дасти кӯмак дароз кардан ба шахсони ниёзманди ҷомеа даъват ба амал овард.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg