БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунарҳои мардумро бо шакли зебо эҳё мекунем!

НОРАК. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар нимсолаи дуюми соли ҷорӣ  дар ташкилоти ибтидоии “50-солагии Норак”  бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Гулмуродзода Қумринисо чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  баргузор гардид.

Дар чорабинӣ занону бонувон ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби иштирокдорон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Зимни вохӯрӣ Қумриниссо Гулмуродзода  оид ба рушди ҳунарҳои  мардумӣ ва корҳои хонагӣ баромад намуда,  қайд кард, ки  дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,  Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди Тоҷикиситонист. Аз ин рӯ, моро  мебояд, баҳри иҷрои амали ин супоришҳо кӯшиш намоем, то ки зиндагии худро аз ҳаррӯза дида хубтару беҳтар намоем.

Занону бонувони ҳунарманди ташкилоти ибтидоии “50 солагии Норак”  аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон  хушнуду сарфароз буда,   бо ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро дар маҳал тақвият  дода истодаанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg