
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, қайд кард, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омадааст: соли 2017 аз ҷониби баъзе хизматчиёни давлатӣ, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ содиршавии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ нисбати соли 2016 зиёд шудааст. Ин бонги изтиробу ташвиш ҳар яки моро водор месозад, ки коррупсияро ҳамчун падидаи номатлуб шиносем ва хатари онро ба амнияту Истиқлолияти давлатӣ бештар дарк намоем.