БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –таблиғгари бунёдкориву созандагӣ дар кишвар

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии “Марказӣ байналмилалии тавонбахшӣ”-и ҷамоати деҳоти  Сари Хосори ноҳияи Балҷувон  хониши сиёсӣ вобаста ба мавзӯъи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  ва 24-умин солгарди таъсисёбии ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар вақти дидан намудан аз утоқи кории ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази байналмилалии тавонбахшӣ” ба мушоҳида расид, ки шахсони масъули ташкилоти номбурда  бо як масъулияти баланд Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумиро хуб дарк карда,  ҳунарҳои миллии аҷдодиамонро аз нав эҳё намуда истодаанд. Ҳар касе, ки вориди ин марказ мегардад, як манзараи зебое дар як гӯшаи он ба назар мерасад, он ҳам бошад ҳунарҳои мардумӣ, ки бо шаклу рангу таровати хоса, замонавӣ омода кардаву ба намоиш гузоштаи кормандони  ташкилоти ибтидоии мазкур  мебошад.

 Пас аз шиносоӣ аз рафти  фаъолияти  ташкилоти ибтидоии  мазкур  кормандони  масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар назди ҷамъомадагон оид ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, 24-солагии  таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳизби таблиғгари  корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар кишвар,  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз  бемориҳои сироятӣ,  огоҳонидани онҳо аз паёмадҳои хатаровари ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ,  маҳкум кардани амалҳои зишту хоинонаи ватанфурӯшон, ки аз давлатҳои хориҷӣ истода,  ба сӯи мардуми тоҷик  санги маломат мезананд, инчуниндоир ба моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбии таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  андешаронӣ намуда, аз онҳо барои ҳифзи   арзишҳои воло,  гиромӣ доштани   дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, расидан ба қадри сиёсати  хирадмандонаи Пешвои миллат  даъват ба амал оварданд.     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg