БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа

Ҷ.БАЛХӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Идораи обёрии мошини”-и ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар он Алиев Зафар-мудири шуъбаи таблиғот иттилоот  ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимнан Алиев Зафар иброз дошт, ки коррупсия яке аз омилҳои нангин ва хатарноки ҷомеа ба ҳисоб рафта, дар радифи терроризму экстремизм ба амнияти миллӣ ва Истиқлолияти давлатӣ таҳдид менамояд. Метавон гуфт, ки мавҷудияти ин амали номатлуб ҳам ҷанбаи манфии маънавӣ, ҳам ҳуқуқию сиёсӣ ва ҳам амниятӣ дорад. Аз ин ру, мубориза алайҳи ин омили хатарноки ҷомеа вазифаи нафақат мақомоти давлатӣ, балки ҷомеа ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дониста мешавад.

Дар ин ҷомеа бояд ба ду тарафи масъала диққати аввалиндараҷа зоҳир намуд. Яке мубориза бар зидди амалҳои мавҷудаи коррупсионӣ ва дуввум ба вуҷуд овардани ҳисси муқовимат ба коррупсия дар доираи тарбияи мафкураи зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg