БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАЗОҲУРОТИ НАВБАТИИ НАҲЗАТИЁНИ ЛАЪНАТӢ МАСАЛИ ДУЗДИВУ ПЕШХЕЗИРО МЕМОНАД

ВОКУНИШ. Бо ташаббуси наҳзатиёни худобехабар кадом як кумитачаи назарфиребе бо номи КШ НЗТ чанд рӯз пеш “таъсис” ёфту акнун эълон кардааст дар назди Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти давлати Олмон шаҳри Берлин бо талаби озод намудани чанд тан террорист, дузду ғоратгару фиребгар ва талаби ба ҳамин монанд масъалаҳо, ки иҷрои онҳо бар зарари давлату миллат аст, бо иштироки чанд нафар наҳзатии хирасар ва чанд нафари ҷинояткор, ки ба хотири гурехтан аз пайгарди қонун тарки ватан намудаанд гирдиҳамоӣ ташкил карданианд.

Мақсад аз ин садобаландкуниҳо пеш аз ҳама он аст, ки мардум бидонад, ки ҳоло ҳам Кабирӣ ва кабиричаҳое, ки каёҳо мурдаи сиёсӣ шудаанд, зиндаанд.

Вагарна дар ягон давлати дунё ва дар ягон вақт чунин нашудааст, ки бо талаби чанд тани нонгадою ватангадо террорист, дузду ғоратгар ва шайтону ҳиллагарҳо ҷинояткоронро аз ҷазо озод намуда бошанд ва озод ҳам намекунанд.

Амал ва рафтору кирдори наҳзатиён ба мақоли халқ «дуздию пешхезӣ» монанд аст. Дузде, ки молу амволи шахсро медуздаду боз пешхезӣ намуда, худро бегуноҳ ва дигаронро гунаҳкор медонад.

 Мардуми Тоҷикистон он рӯзҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузаштаро, ки душманони дохилию хориҷӣ бо роҳбарии сарварони Ҳизби наҳзати ислом давлати тозаистиқлоли Тоҷикистонро ба гирдоби ҷанги хонумонсӯз кашиданд, фаромӯш накардаанд. Душманони миллат мақсади ниҳоии худ -бунёди давлати исломиро пинҳон дошта, фарзандони як модарро бо шиорҳои бардурӯғ ба қатли якдигар бархезонданд, ки дар таърих бадномкунандаи миллат « ҷанги бародаркуш» ном гирифтааст.

Наҳзатиён бо сардории М. Кабирӣ, ки аз тарси ҷазо дар назди қонун роҳи гурезро пеш гирифта, дар Аврупо бо тарси он, ки имрӯз ё пагоҳ кӣ будан ва чӣ мақсади зишт доштани онҳо ба паногоҳдиҳандагон ҳам маълум мегардад, зиндагии гадоёнаро пеша намудаанд, имрӯз ҳам ин амали бадномкунандаи худро нисбати Давлати Тоҷикистон ва Сарвари он, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон давом дода истодаанд. Вале онҳо намедонанд, ҳар як сухани бардурӯғи паҳнамудаи онҳо боиси қаҳру ғазаби мардуми азияткашидаи кишвар мегардад.

Мардуми Тоҷикистон имрӯз онҳое нестанд, ки бо ду гапи дурӯғ онҳоро ба тарафи худ кашеду аз хона бехона намоед.

Имрӯз мардум хубро аз бад дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ карда метавонад. Агар шумо аз пагоҳ то бегоҳ, тамоми моҳу сол дар бораи набудани демократия дар Тоҷикистон билақед, дар ин муддат дар ҳақи Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғаразгӯӣ кунед ҳам, касе шуморо бовар ва ҳатто гӯш намекунад. Зеро мардум хуб медонад, ки Тоҷикистон давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона буда, ҳуқуқи инсон пурра ҳимоя карда мешавад. Ба ҷазо кашидани онҳое, ки шумо талаби озод кардани онҳоро доред – муовини роҳбари ҲНИ Муҳаммадалии Ҳаит, Зайд Саидов ва Бузургмеҳр Ёровро ҳамагон кӣ будан ва чӣ гуноҳ доштанашонро медонанд. Ба ҷазо кашидани онҳо далели он аст, ки дар Тоҷикистон қонун амал мекунад.

Имрӯз дар кишвар дари ҳамаи мақомотҳои давлатӣ барои муроҷиаткунандагон кушода аст ва мардум озод дар кадом вақте хоҳад талабу дархости худро дар асоси Қонун « Дар бораи муроҷиати шаҳрвандон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» қонеъ гардонида метавонад. Бовар надоред? Ҷуръат карда омада бубинед, ки аз ин зиёд дар куҷо демократияро бо лафзи шумо «демокрос» - ро дидаед?

Дар ҳаққи Сардори давлат суханони тӯҳматомез мегӯед. Президенти кишвар чӣ гуна «режим» доштааст, ки мо дар Тоҷикистон зиндагӣ карда онро намебинему шумо аз Аврупо онро мебинед.

Оё Президенти кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдат нест? Ҷанги барангехтаи шумо наҳзатиҳои хунхорро кӣ хомӯш кард? Ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуд, ки аз лаҳзаҳои аввали ба сари қудрат омадан тарафҳои даргирро ба сулҳу салоҳ даъват намуд?

Ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуд, ки барои барқарор намудани сулҳ дар Тоҷикистон ва баргардонидани гурезагон бо тану ҷон, шири модар ва ҷони сокинони кишвар қасам ёд намуд?

Ҳамин муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон набуд, ки ба ҳамаи талабҳои ҷоҳталабонаи шумо душманони миллат ба хотири барқарор намуданӣ сулҳ розӣ шуд ?

Оё ҳамаи ин аз ёди шумо рафтааст? Вале мардуми Тоҷикистон ин хизмати шоистаи Сардори давлатро ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунад.

Пешвои миллат будани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тамоми тоҷикони дунё эътироф кардаанд. Дар ҷашну маркаҳои сиёсие, ки дар ҷумҳурӣ гузаронида мешавад, аз тамоми давлатҳои дунё тоҷикон ва тоҷикзабонон ташриф меоранд. Оё Пешво будан ва тоҷику тоҷикзабононро дар сари як дастархон ҷамъ овардан барои пойдории давлату миллат кори шоиста нест?

Маҳз хислатҳои таҳаммулпазирӣ, ҷасурӣ, бахшида тавонистани гуноҳ, инсондӯсӣ, ятимпарварӣ, дасти муҳтоҷонро гирифтан, амали созандаю бунёдкорона доштани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро писандидаи мардум ва шӯҳратманд гардонидааст.

Бо дили пурғаразу ражку ҳасад мегӯед, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Нерӯгоҳи Барқи Обии “Роғун “ва ба истифода додани агрегати аввали онро ба хотири «реклама»-и худ анҷом додааст. Ҳол он ки тамоми мардуми дунё медонад ин барои мардум аст. Аммо шумо наҳзатиҳои бадниҳоду бадкор ҳеҷ дарк карда наметавонед, ки шахс аз кори нек обрӯ пайдо мекунад. Дар ёд доред, ки дар вақти бунёди нақби «Истиқлол», ки дар он ҳолат Тоҷикистон дар ҳолати касодӣ қарор дошт, Сардори давлат чӣ гуфта буд: «Агар техника ва дигар воситаҳоро надошта бошем ҳам, ин нақбро бо нохунҳоямон меканем». Имрӯз дар Тоҷикистон дар асоси сиёсатӣ созандаи Пешвои миллат чандин чунин нақбҳо канда шуданд, ба чор тарафи дунё роҳҳои замонавӣ кушода гардид. Тоҷикистон аз бумбасти коммуникатсионӣ бароварда шуд. Ба истиқлолияти энергетикӣ қадамҳои ба шумор мондааст. Сатҳи зиндагии мардум боло меравад. Ҳамаи инро мисли шумо кӯрдилон намебинад.

Мардуми Тоҷикистон ҳамаи ин корҳои созандагию буёдкориро дар сиёсати созанда, бунёдкорона, ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медонанд ва хизматҳояшро қадр менамоянд.

Баъди он, ки аз шарикони Ҳукумати Тоҷикистон дар Аврупо дархост намудаед, ки ба Тоҷикистону мардуми он дасти кӯмак дароз накунанд (гар чанде, ки мо имрӯз бо чунин кӯмак эҳтиёҷ надорем) шумо наҳзатиёни беномус дар назди мардуми Тоҷикистон ба қадри саг ҳам қадр надоред. Кадом ҳаммиллат, агар ӯ дилсӯзи миллати худ бошад, хоҳиш мекунад, ки ба миллати ӯ ҳамкорӣ ва дасти ёрӣ дароз карда нашавад. Аз ин мебарояд, ки шумо наҳзатиён дар баробари душмани давлату Сардори давлат будан, душмани миллат низ мебошед.

Медонед, ки шоири тавоно ва маъруфи халқи тоҷик Сайидои Насафӣ дар бораи шумо барин одамон чӣ фармудааст ?

Ҳар кӣ бар душмании халқ равон аст, чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.

Неъматулло ИБРОҲИМЗОДА – муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg