БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Насли солим -ҷомеаи солим

ДӮСТӢ.  Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо роҳбарии  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия  Ҷалолов Абубакр  бо кормандони  ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази санитарӣ эпидемиологӣ”  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Зимни баргузории вохӯрӣ масъулин оид ба  баланд гардидани савияи дониши сиёсии кормандон ва иҷрои хизмати босифати тиббӣ-назоратӣ ҷиддии бемориҳо дар байни аҳолӣ, инчунин риояи одоби корманди ҳизбӣ, дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карданд. 

Дар қисмати дувуми вохӯрӣ, ки бо иштироки раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази санитарӣ эпидемиологӣ”-и ноҳия А. Ҳалимов баргузор гардид, ба кормандони он  китоби “Одобномаи корманди ҳизб” бо шарҳу тавзеҳ фаҳмонида дода шуд.  

Дар охир чанде аз иштирокдорон  зикр намуданд, ки тамоми иқдомҳое, ки аз ҷониби Пешвои миллат роҳандозӣ мегардад дар Маркази санитарӣ-эпидемиологии ноҳия зери назорат қарор дода шуда, баҳри ҳифзи солимии ҷомеа ҳамаҷониба кӯшишҳо ба харҷ дода мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg