БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ

ДӮСТӢ.  Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «КАТС»-и ноҳия  бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ-Ҷалолов Абубакр бо кормандони соҳаи тиб суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур муаррифӣ ва шарҳу тавзеҳи китоби “Одобномаи корманди ҳизбӣ”,  зиёд намудани сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби шахсони обрӯманд,  расидан ба қадри истиқлолияти энергетикӣ, шафофият ва раванди хизматрасонӣ аз тарафи табибон ба аҳолӣ, қонеъ гардонидани муроҷиати беморон, адои хизмати содиқона дар касбият ва дигар масъалаҳои  марбут ба соҳаи тиб, ки яке аз самтҳои афзалалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошанд, аз ҷониби Ҷалолов Абӯбакр мавриди  баррасӣ қарор дода шуданд.

Баъдан дар идома и.в. менеҷери Кӯмаки аввалияи тиббии ноҳия Раҷабов Абдулло қайд намуд, ки имрӯз қариб ба пуррагӣ кормандони муассисаи тиббӣ аъзои ҲХДТ мебошанд ва ҳамеша аз ин ҳизб ва аз Раиси муаззами он,  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдорӣ менамоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg