БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳунар чашмаи зояндаасту давлати поянда

ЁВОН. Дар маркази ноҳияи Ёвон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон бо иштроки намояндагони Кумитаи Иҷроияи Марказии  ҲХДТ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.

Ҳунармандони чирадасти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии  ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, Коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабии ноҳия аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати эълони Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз нав эҳё намудани ҳунарҳои  қадима хушнуду сарфароз буда, бо як ҳавасмандӣ ҳунарҳои хешро тақвият дода истодаанд.

Дар чорабинӣ ҳунармандони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия, устодону шогирдони Коллеҷу литсейҳо, муассисаҳои миёнаи умумӣ ва томактабӣ ҳунарҳои дастии хешро ба маърази тамошо гузошта, аз ҷониби намояндагон ба хушнудӣ пазируфта шуданд.

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур меҳмони иззатманд суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg