БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим кафолати фардои дурахшон

БАЛҶУВОН. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоти ибтидоии ҷамоати деҳоти “Тоҷикистон” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид, ки дар он эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҷалби сокинон ба созандагиву бунёдкорӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимнан  раиси Кумитаи иҷроия ноҳиявии ҲХДТ Мирзозода Исуф баромад намуда, қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ чиқадар корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сохтмони биноҳои маъмуриву маишӣ дар сатҳи баланд идома доранд.

Мо, сокинони ноҳия чунин иқдомҳои неку созандаро ҷонибдорӣ намуда, дар ин самт саҳми арзандаи худро гузошта истодаем.    

Ҳамчунин дар идомаи суҳбат дигар шахсони давъатӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта, аз ҷумла, пошхӯрии  оилаҳои ҷавон, зӯроварӣ дар оила, тарбияи фарзандон дар роҳи дурӯст, омода намудани ҷавонону ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона ҳарф зада, баён доштанд, ки модарону занон дар ин  самт диққати ҷиддӣ диҳанд, масъулияти баланд нишон дошта бошанд то ин, дар оянда  бо қадамҳои устувору масъулияти  баланди ватандӯстӣ Ватани хешро боз ҳам ободтар  созем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg