БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Наҳзатиёнро дар Аврупо мисли қоғази ташноб истифода мебаранд!

ВОКУНИШ. Солҳои навадум хурд будем, аниқтараш бачаи 12-сола. Ба истилоҳ аз сиёсату давлатдорӣ анқариб бӯй намебурдем. Баъзан аён-аён назари омӯзгорони ҳамон давронро пеши рӯ оварда, аз чизе норозӣ буданашонро эҳсос мекардем. Бо вуҷуди ин бо сабаби хурдсолӣ чун фарзанди омӯзгор будем, барои пурсидани дарди дили эшон ғайрат намекардем.

Рӯзе сари дастархон дар як маъракаи диёрдорӣ аз асли воқъеа огоҳ шудам, ки ду-се нимчамулло дар деҳа аз омӯзгорон бо ғурур талаб кардаанд, ки «акнун даврони омӯзгории шумо ботил шуд, тарбияи аттеистӣ акнун тамом». Ба истилоҳ ин нимчамуллоҳо дар муассисаҳои таълимӣ дар ҳамон давру замон ба ақидаи худашон таълимоти диниро бояд роҳандозӣ мекарданд. Яъне солҳои 90-уми асри гузашта шохаҳои исломии тундгаро дар ҳамаи деҳаю маҳаллаҳои кишвар фаъол ва мунтазиру омодаи амалҳои зишт бо дастури роҳбарияти сатҳи болоияшон буданд.

Хушбахтона, тири ин хоинон хок хурд. Чун сиёсаташон пур аз фитнаю хатокорӣ буд мардум аз пушти онҳо нарафт. Ҳатто дар мавзӯю суҳбатҳояшон атрофи сиёсати давлати исломии Эрон чунон бо ифтихор суҳбат мекарданд, ки шунаванда аз суҳбати эшон гӯё «ғизои маънавӣ» ва «дарси дӯстию рафоқат» меомӯхт. Бехабар аз он, ки тайи коса нимкосае аст.

Дар баъзан маврид ҳангоми суҳбатҳо қадру манзалат ва ҷойгоҳи нимчамуллоҳо то ҳаде буд, ки тамоми кормандони давлатӣ ба мисли онҳо дар ҷомеа обрӯю мартаба надошт. То он лаҳзае, ки парда аз рӯи хиёнаткориҳои ин тоифа инсонҳо бардошта шуд.

 Аз соли 2015 инҷониб мардуми Тоҷикистон эҳсос кард, ки ТТЭ ҲНИ мақсаду нияти хоинона ва нисбати давлату ҳукумати кишвар хушбин нест. Даъвати охундии эронӣ ба ҷаласаҳои сатҳи ҳизбӣ ва ба таври доимӣ аз онҳо дастуру маслиҳатҳои «муфид» гирифтани пайравони ҲНИ бори дигар собит кард, ки ин ҳизб дар сояи сиёсати Ҷумҳурии Исломии Эрон фаъолият карда, мақсади таъсиси давлати исломӣ ва иваз кардани мазҳаби ҳанафӣ ба мазҳаби шиаро дар кишвар доштанд. Ҳамин тавр сиёсати ин ҳизб дар доираи охундгароӣ тобиш ёфта, аз як насл ба насли дигар таҳвил меёфт.

Пул, сарват чашми биноро кур мекардааст. М.Кабирӣ бо доираи тарафдоронаш ҳам мазҳабу ҳам дину ҳам миллатро билохир арзон фурӯхтанд.

Имрӯз М.Кабири аз сиёсатмадорони сатҳи олии Ҷумҳурии Исломии Эрон гилагузорӣ мекунанд, ки дар лаҳзаҳои ҳассос уву ҳаводоронашро ба таври кофӣ дастгирӣ накард. Шояд ин хоини бадтинат мехост дар соли 2015 баъди роҳандозии табадуллоти давлатӣ Эрон ба Тоҷикистон ҳамлавар мешуд?!

Вале, чуноне ки мегӯянд кору амали бад ба мақсад намерасад. Оташе, ки ТТЭ ҲНИ мехост дар Тоҷикистон фурӯзон созад, дар он оташ худ сӯхт. Дигар аз мушти хокистар чӣ суд! Мушти хокистар бо вазидани як шамоли сахт несту нопадид хоҳад шуд.

Ҳанӯз ҳам ин тоифаи бадбахт кӯшиш доранд дар Олмон гирдиҳамоӣ кунанду тилисми наве афкананд. Чун аз роҳи шурондани мардум муваффақ нашуданд, кӯшиш карда истодаанд пойи Аврупоро ба миён кашанд ва онҳоро бар зидди Тоҷикистон истифода баранд. Аммо намедонанд, ки сиёсатмадорони боҳуши Аврупо наҳзатиёнро дар ҷойи лозимӣ ва вақти лозимӣ мисли қоғази ташноб истифода бурда, баъдан дур меандозанд.

Ҳеҷ иродае дар муқобили иродаи мардум сахту оҳанин нест. Иродаи қавии мардуми Тоҷикистон миёни ТТЭ ҲНИ, ки ба ҷуз хиёнату риёкорӣ дигар амали некеро дар кишвар анҷом надодааст, шикаст.

Мардуми шарифи Тоҷикистон дигар ҳеҷ гоҳ пайи ҳавою ҳаваси хоинонаи ташкилоту гурӯҳҳои иртиҷоию террористӣ нахоҳад рафт. Зеро ободию ободкориҳо дили мардумро ба ояндаи нек хеле гарм кардааст. Он ҷое, ки ободкорист сухан аз ҷанг мақом надорад.

Толибҷон Назарзода-раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ш. Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg