БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Маъюбон ҳам зери ғамхорӣ ва таваҷҷуҳи ҲХДТ қарор доранд!

ҲАМАДОНӢ. Ҳамасола 3-юми декабр дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии маъюбон таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия аз маркази хизматрасонии иҷтимоии кӯдакони имконияташон маҳдуд, ки дар ноҳия мавҷуд аст дидан намуданд. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аз буду боши кӯдакони имконияташон маҳдуд шинос шуда, ба онҳо ҳамсуҳбат шуданд. Бояд қайд кард, ки дар муассисаи мазкур кӯдакони имконияташон маҳдуд аз минтақаи Кӯлоб ҷалб шуда, ба онҳо беҳтарин мутахассисони соҳаи тибб ва ҳамшираҳои шафқат дар давоми      21-рӯз ёрии тиббӣ мерасонанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg