
ФАРХОР. Мулоқоти навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо сокинони деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти Дарқад доир гардид.
Сокинони деҳаи Бӯстон бо дарки баланди сиёсӣ ва бо шукргузорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, ки соли 2018-ро Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон намуданд ва ин иқдомҳо боиси он гашт, ки чакани миллии тоҷикиро ба рӯйхати меъроси фарҳангии ғайримоддии Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид гардад. Бо ин мақсад дар ин чорабинӣ сокинон ҳунарҳои мардумии худро ба намоиш гузоштанд.
Дар ин чорабинӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шаҳбози Искандар дар назди ҷамъомадагон баромад намуда, ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи дониши сокинон атрофи хатарҳои гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ- экстремистӣ ва дар масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ибрози ақида намуд.
Ёдовар мешавем, ки деҳаи Бӯстон дар марз бо Афғонистон қарор дорад, табиист, ки сокинон бояд аз ҳадафу ниятҳои ташкилотҳои иртиҷоӣ бохабар бошанд.