
ҲАМАДОНӢ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия» хониши сиёсӣ бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ гузаронида шуд.
Зимни баромад мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар бораи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устуво» солҳои 2018-2028 ва дар бораи ба кор даромадани чархаи аввали НБО-и Роғун ва ба ҳамин тариқ расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат истиқлолияти энергетики кишвар суханронӣ кард.
Раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Идораи хоҷагии манзилию коммуналии ноҳия» С. Шералиев оид ба корҳои ободонию созандагӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳраки Москва бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.