БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Робита бо сокинони маҳал тақвият меёбад

ФАРХОР. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати тақвият додани робита бо сокинони маҳал ва тарғибу ташвиқи ҳунарҳои мардумӣ дар деҳаи  Гулшан 1-и ҷамоати деҳоти Гулшан чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ доир гардид.

Зимни баргузории чорабинӣ масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор Шаҳбози Искандар ва Абдураҳмонов Ҷамшедҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ин чорабинӣ сокинони деҳа дар доираи эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ анвои гуногуни ҳунарҳои мардумиро аз қабили чакан, гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар рафти чорабинӣ Шаҳбози Искандар дар назди сокинон баромад намуда, оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ суханронӣ намуд. Махсусан, дар бораи моҳият ва рушди ҳунарҳои мардумӣ,  аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия ва пурзӯр кардани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ибрози ақида намуд.

Ҳамчунин, дар ин чорабинӣ хонандагони муассисаи таълимии №25 дар васфи Пешвои миллат якҷо шеъру суруд хонданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg