БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

ТЕМУРМАЛИК. Ҷиҳати  ҳарчи бештар тақвият бахшидани робита бо маҳал дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳо  дар деҳаю маҳаллаҳои ноҳия  дар маҳаллаи №4-и  ҷамоати шаҳраки Совети ноҳияи Темурмалик вохӯрии навбатии  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик  бо сокинони маҳалла баргузор гардид.

Дар рафти  вохӯрӣ  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  Маҳмадсаид Раҷабзода дар  мавзӯъи самтҳои  афзалиятноки ҲХДТ, вобаста ба истифодадиҳии чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, вусъати корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар масъалаи Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  андешаронӣ намуд.

Доир ба суханронии раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Темурмалик   Раҷабзода Маҳмадсаид вакили ҷамоат  Ҳакимова Розия ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ  раҳнамоӣ кард.  

Сипас, бо иштирок ва фарогирии зиёда аз 40  нафар ҳунармандону кишоварзони  моҳири маҳалла намоиши ҳунарҳои мардумӣ  доир карда  шуд, ки  сокинони маҳалла  дастовардҳои ҳунарии худро ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар охир  Раҷабзода Маҳмадсаид ва раиси Кумитаи маҳалла Раҷабов Холмурод ба ташкилкунандагони  намоиши ҳунарҳои мардумӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

Сипас, дар маҳаллаи №4-и ҷамоати шаҳраки Совет бо пешниҳоди  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид  ташкилоти нави ибтидоӣ таъсис дода  шуда, раиси он Давлатов Убайдулло   интихоб  гардид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg