БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Садоқат ба Ватан мароми мост!

КУШОНИЁН. Тибқи нақшаи кории намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №28-и ноҳия вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Зимни вохӯрӣ масъулин оид ба 24 – умин солгарди таъсисиёбии ҲХДТ,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, тарбияи насли наврасу ҷавон дар роҳи ватандӯстӣ, омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа гузаронида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg