БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“Одобномаи корманди ҳизбӣ” – масъулияти ҳизбиёнро бештар намуд

ПАНҶ. Тибқи дастури Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 16 феврали соли 2018 ҷихати баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва  масъулияти узви ҳизб китоби Одобномаи корманди ҳизбӣ  таҳия гардидааст.

Вобаста ба ин мавзӯъ дар ташкилоти ибтидоии Зарбдори ҷамоати деҳоти Намунаи ноҳияи Панҷ бо аъзо ва ҷонибдорони ташкилоти ибтидоии маҳал мулоқот доир гардид.

Зимни суханронӣ масъулон оиди  муқаррароти умумии Одобномаи корманди ҳизбӣ андешаронӣ намуда, қайд намуанд, ки ин санади мазкур маҷмӯи қоидаҳои рафтори  кормандони ҳизбиро муайян карда, масъулияти онҳоро ҷиҳати  татбиқи ҳадафҳои оинномавию барономавии ҳизб  таҷассум  менамояд. Минбаъд, ҳар як узви ҳизб дар фаъолияти ҳизбиаш масъулиятнокиаш бештар гардида,   барои амали шудани ҳадафҳои он саъю талош меварзад.

Дар идома оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб - вазифаҳои сохторҳои ҳизбӣ бо мақсади сафарбар намудани  сокинон баҳри татбиқи амалии он ибрози андеша намуда, қайд карданд, ки таблиғотчиёни ҳизбиро лозим аст, ки  дарсҳои ватандориву  ватансозиро ба қишри ҷавони ҷомеа омӯзонанд.

Дар охир, аз ҳисоби  ҷавонони лаёқатманди маҳал якчанд нафар ба сафи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қабул гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg