БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон тавассути намоиши ҳунарҳои мардумӣ аз солгарди ҲХДТ истиқбол мегиранд

КӮЛОБ. Дар маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода бо ҷалби васеъи сокинон намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир карда шуд.

Намоиши ҳунарҳои мардумӣ, ки дар он сокинон маҳсули ҳунарҳои дастӣ ва хӯрокҳои миллиро ба маърази дид гузоштанд, оғоз гардид.

Зимни чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  Валиева Саъбагул ва раиси маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода Мирзоев Иброҳим иштирок ва ибрози ақида намуданд.

Валиева Саъбагул зимни суханронӣ аз сокинон барои ташкили чунин ҳамоиши диданӣ изҳори сипос намуда, гуфт, ки Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли равон аз ҷониби Пешвои миллатамон ҳадафҳои бузургро пайгирӣ менамояд, ки ободиву ғановати иқтисодӣ ва некӯаҳволии мурдуми кишвар, хусусан баланд бардоштани сатҳи иқтисодиву мадании халқамон равона шудааст.

Дар охир аз ҷониби ҳунармандони ин маҳалла чорабинии фарҳангӣ доир карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg