БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Солимии миллат солимии давлат аст

ҚУБОДИЁН. Ҳамасола 1-уми декабрро  дар гӯшаву канори дунё  ҳамчун рӯзи байналмиллалии ВИЧ/СПИД таҷлил менамоянд,  ба ин муносибат дар  толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №1-и   ноҳияи Қубодиён вохӯрӣ бо кормандони соҳаи тандурустӣ ва  аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ  мудири  шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  Ваҳобиддин   Абдуллоев, роҳбари ташхиси ВНМО дар ноҳия Д.Содиқов ва дигар шахсони даъватӣ иштирок ва суханронӣ карданд.

Бодя қайд намуд, ки  тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемории сироятии  ВИЧ/СПИД, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мебошад, масъулин  дар назди иштирокдорон ин масъалаи мубрами рӯзро мавриди баррасӣ қарор дода, ҳамаи кормандони соҳаи тандурустиро  ба Рӯзи байналмилалии ВИЧ/СПИД табрику гуфта, ба онҳо  хизмати софидилонаву содиқона ба давлату  миллат раҳнамоӣ намуданд.

Дар қисмати фарҳангии вохӯрӣ аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар бораи ватандӯстӣ шеърҳо қироат намуда, саҳначаҳо  оид ба бемориҳои сироятӣ,  аз ҷумла ВИЧ/СПИД ба саҳна гузошта, пешкаши ҳамагон гардониданд.    

Дар охир  ба иштирокдорон маводҳои таблиғотӣдоир ба пешгирии бемории сироятӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg