БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ – ҳизби зодаи истиқлолият ва созандаи шароити шоистаи зиндагии мардум!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “ Тоҷикматлубот” тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар он  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр Асадуллозода Ватан ва мутахасиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Исоев Фаррух иштирок ва суханронӣ  намуданд.

Зимнан Асадуллозода Ватан  бахшида ба  24- солагии таъсисёбии ҲХДТ сухан карда,  қайд намуд, ки  имрӯзҳо мардуми шарафманди тоҷик дар остонаи ҷашни пурифтихораш  24-солагии таъсисёбии ҲХДТ қарор дорад. Дар шароити гуногунандешии сиёсӣ ва мавҷудияти бисёрҳизбӣ масъулияти мо ҳамчун ҳизби ғолибу пешоҳанги ҷомеа ниҳоят калон аст. Мақсади аслии ҳизб саодати халқи кишвар буда,  бо дигар ҳизбҳое, ки ждар доираи қонунҳои миллӣ амал менамоянд,  робитаи созанда дорад. Қисме аз ҳарифони сиёсии мо даъвои онро доранд, ки обрӯи ҲХДТ ба он вобастааст, ки роҳбари онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад. Бале Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ором кардани вазъи сиёсии мамлакат, баргардонидани гурезаҳо, аз буҳрони иқтисодӣ наҷот додани кишвар ва ободу зебо гардидани гӯшаю канори мамлакат корҳои бузургеро анҷом додааст. Бинобар ин, дар миёни мардум обрӯ ва маҳбубияти хоса дорад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg