БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сафи аъзоёни ҳизб зиёд гардида истодаанд

ВАСЕЪ. Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза ва корманди масъул аз шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Манучеҳри Хуршед вохурӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин атрофии самтҳои афзалиятноки ҳизбӣ, зиёд намудани сафи аъзоён аз ҳисоби маорифчиён ва рузи таъсисёбии ҲХДТ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ташкилоти ҷамъиятӣ - сиёсӣ буда, фаъолияташ барои бунёди давлатӣ соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқӣ, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоӣ дошта, аз лиҳози иқтисодӣ тараққиёбанда ва беҳдошти сифати ҳаёти мардум равона шудааст.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар асоси Сарқонун, қонунҳои конститутсионӣ, қонунгузории ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналхалқии ҳуқуқие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст, ҳамчунин дар доираи Барнома ва Оинномаи хеш фаъолият мекунад.

Дар охир 31 нафар омӯзгорони муассисаи мазкур аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардиданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg