БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Занон нигини пурҷилои тоҷи заррини миллатанд

БАЛҶУВОН. Бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Балҷувон   Муродова Марҷона бо занону духтарони ташкилоти ибтидоии деҳаи “Турко”-и ҷамоати деҳоти Балҷувон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, озмунҳои ҳизбӣ ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ вохӯрӣ доир гардид.

Зимнан Марҷона Муродова  озмунҳои ҳизбӣ бономҳои “Беҳтарин муаррификунандаи мавзеъҳои сайёҳӣ”, “Тарроҳи беҳтарин”, “Наққоши беҳтарин” ва “Беҳтарин доиркунандаи чорабинӣ дар сатҳи маҳал”, ки ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ роҳандозӣ карда шудааст, андешаронӣ намуда,  ҳунармандони беҳтаринро барои иштирок дар озмунҳои мазкур даъват кард.

Инчунин, мавсуф дар идомаи суҳбат  оид ба  пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, тарғиби либоси миллӣ, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, рӯ овардан ба фарҳанги пурғановати хеш ва тарбияи дурусти ҷавонону наврасон ҳарф зада, зикр кард, ки мавриди зикр аст дар ҷомеаи имрӯза саҳми занон хело бузург аст. Аз ин рӯ тарбияи насли солим, бунёдкору созанда, ватандӯсту меҳанпараст, ки дар ин замина вазифаи зан- модар хело муҳим арзёбӣ гардидааст, бояд дар ин росто  мо занону модарон саҳми босазои худро гузорем.Чунки, ба ҳамагон маълум аст оянда давлат ва миллат ба насли ҷавон хоҳад монд.  

Дар ҳақиқат занон дар ҷомеа  нигини пурҷилои давлат,  нерӯи  бузургро ташкил медиҳанд. Пас мо бонувон нерӯе бошем, ки созандаву бунёдкор,тарбиятгар, ҳалиму меҳрубон, бонуи ҳунар, саҳмгузор дар ҷомеаи имрӯзу фардои башар бошему садсолаҳо ба давлату миллат хизмат намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg