БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НБО «Роғун» – нерӯи тавонои миллату давлат

АНДЕША. НБО «Роғун» – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, нури саодат дар ҳар хонадон, шуълаи умеду орзуи ҳар сокини сарзамин...

НБО «Роғун» – ягонагию муттаҳидии халқу давлат, нангу номуси миллат, эҳсоси худшиносӣ, ифтихори ватандорӣ, ба зинаҳои олии тараққиёт расидани мамлакат, болоравии нуфузи кишвар дар сатҳи байналмилалӣ...

НБО «Роғун» – арҷ гузоштан ба муқаддасоти давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум, муҳаббату садоқат ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистони азизро бештар аз ҷон дар қалб парвардан...

НБО «Роғун» – рамзи ҷасорату матонати миллат баҳри ба ҳадафҳои неки созанда расидан, дурахши иқболи миллат, дар китоби зарварақи таърихи кишвар кушода шудани боз як сафҳаи нави тиллоӣ...

Суханони ҷасоратбахшу рӯҳнавози Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки гуфтаанд: “Мо аз дили кӯҳ бо нохунҳоямон роҳ кушода Роғун месозем!” роҳнамоии миллат баҳри шукуфоии орзуҳои деринтизор, баҳри ояндаи тиллоии мардуми меҳнатқарину сарбаланди Тоҷикистон, рушди иқтисодиёти кишвар шурӯъ аз имрӯз барои садсолаҳо мебошад. Мо Роғун бунёд карда, на фақат худамонро аз мушкилоти норасоии барқ раҳо мебахшем, балки ба мардуми минтақа ва хориҷ аз он барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза интиқол медиҳем. Ин кафолати воридоти маблағ ва аз ин ҳисоб ғанигардонии хазинаи кишвар, болоравии сатҳи рӯзгори мардум, таъмини ҷойҳои нави корӣ, эътимоду боварии сокинони мамлакат ба фардои неки зиндагии шоиста мебошад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускор ва қаҳрамони корзори НБО «Роғун» мебошад. Ба ёд орем, ки соли 2010 Президенти мамлакат аз соҳибкорон ва ҳар фарди ватандӯсти кишвар саҳмгузор будан дар бунёди Роғунро даъват намуда буд ва ё чӣ тавр Муроҷиатномаи дилсӯзонаи Пешвои миллат аз 13 январи соли 2017 бобати сарфакорона истифода бурдани неруи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи барқи истифодашуда аз ҷониби мардуми кишвар, минҷумла сокинони ноҳияи Дӯстӣ, бо як рӯҳбаландии бузург пазируфта ва дастгирии ҳаматарафа ёфта буд. Ин гувоҳи эътимоду боварии бепоёни мардуми кишвар ба Сарвари хирадпешаи худ мебошад.

Бояд тазаккур дод, ки мавқеи ҷуғрофии сохташавии НБО «Роғун» ҳанӯз соли 1931, замони шӯравӣ, муайян гардида, сохтмони он соли 1976 оғоз ёфта буд. Мутаассифона, ин иншооти муҳташам бо ҳар гуна сабабҳо пурра сохта нашуда, нимкора монд. Болокорӣ, бинобар ба ҳоли худ гузошта шуданаш замони нооромиҳо он хароб гардид. Дар даврони истиқлолият маҳз чашмони тезбин, андешаҳои дурпарвоз ва хиради волои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки НБО «Роғун» иншооти бузурги аср эълон шуда, азнавсозиаш шурӯъ ёбад. НБО «Роғун» тибқи лоиҳа аз 6 агрегат бо сарбанди баландиаш 335 метр таркиб меёбад, ки тавоноии онҳо дар маҷмӯъ 3600 мегаватт қувваи барқро ташкил медиҳанд. Сарбанди НБО «Роғун» бо чунин баландӣ ва бо чунин садди заминӣ(гилӣ ва сангӣ) дар ҷаҳон беназир ва дар Осиёи Марказӣ азимтарин неругоҳ хоҳад шуд. Ба ин васила кишвари мо ба калонтарин бозори нерӯи барқи Осиёи Марказӣ табдил ёфта, моро ояндаи дурахшон дар пеш интизор аст.

Санаи 16 ноябр, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истифода додани агрегати якуми ин иншооти аср бо иқтидори 600 мегаватт қувваи барқ воқеаи бузурги таърихиест барои давлату миллат, ки мо аз он ифтихори бузург дорем. Дар зимн, бояд иброз дошт, ки то мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати якуми НБО-и Роғун бобати ба истиқлолияти энергетикӣ соҳиб шудан дар кишварамон як қатор корҳои бузург анҷом дода шуданд, ки онҳоро метавон омилҳои мусоидаткунанда номид. Барои ба ин ҳадафи тақдирсоз расидан якчанд омилҳои мусоидаткунанда, ки аз пешниҳод, ташаббус ва ҷаҳду талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сарчашма мегирифтанд, коргар шуданд. Чунончи: бунёди хати интиқоли барқи 500 киловолтаи “Ҷануб-Шимол”, таҷдиду азнавсозии иқтидорҳои мавҷудаи соҳаи энергетика ва бо ин васила ба вуҷуд омадани низоми ягонаи энергетикии мамлакат, ба фаъолият оғоз кардани дастгоҳи тақсимкунандаи элегазии 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак, оғози татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи КАССА-1000, оғози лоиҳаи таҷдиди неругоҳи барқи обии Сарбанд...

Ба хотири арҷ гузоштан ба садоқату муҳаббати бепоёни мардуми кишвар ба Пешвои худ ва хизматҳои шоёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳар дақиқаю соати умри азизи хешро барои рушду шукуфоии Тоҷикистони азиз ва хушбахтии халқи маҳбубаш сарф менамояд, 14 майи соли 2016 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рӯзҳои ид” аз ҷониби парлумони кишвар қабул гардид ва мувофиқи он ҳамасола дар кишварамон 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шукӯҳманд таҷлил мешавад.

Корнамоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сафаҳоти таърихи миллат бемисл аст. Бо ҷонталошиҳои ин Қаҳрамони миллат оташи ҷанги шаҳрвандӣ хомӯш, сулҳи сартосарии тоҷикон имзо гардид, барои пешгирии қаҳтию гуруснагии оммавӣ 75 ҳазор гектар замин ба халқ дода шуд, ҳама гуна ҳодиса ва зуҳуроти номатлуби харобкорӣ, ҷинояту ҷинояткорӣ ва қонуншиканӣ, кину қасос қатъ ёфта, волоияти қонун тантана кард, рукнҳои давлатдорӣ пурра ба фаъолмандӣ даромад, Робитаҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои судманд бо аксар давлатҳои сайёра ба роҳ монда шуд, Тоҷикистон бо чаҳор пешниҳодҳои ба манфиати халқи сайёра нигаронидашудаи Сарвари худ Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати ташаббускору созанда эътибори ҷаҳонӣ пайдо кард, аъзои даҳҳо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ гардид, дар дохили мамлакат дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ ислоҳот ба роҳ монда шуд, бо даъвати Роҳбари давлат мардум барои расидан ба се ҳадафи стратегӣ-баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, расидан ба истиқлолияти пурраи энергетикӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ камари ҳиммат баста, ба он қадар дастовардҳои беназире соҳиб гардид, ки тӯли ҳафтод соли шӯравӣ афсона менамуд.

Такя бо рӯҳияи замон, падидаҳои ҳаёти нав ва раванди ҷаҳонишавӣ маҳз бо ташаббусҳои неку ояндасози Пешвои миллат чунин қонунҳои миллӣ қабул карда шуд: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ». Ин санадҳои дар рӯҳияи давр қабулкардаи давлатамон имрӯз мавриди омӯзиш ва баҳрабардории дигар кишварҳо қарор ёфтааст, ки ин ифтихору сарбаландии ҳар яки мост.

Ҷиҳати аз мушкилоти роҳҳо баровардани мардум нақбҳои “Истиқлол”, “Шаршар” ва “Шаҳристон” бунёд ёфтанд, роҳу пулҳо, гузаргоҳҳои манотиқи кишвар ба таври пурра таҷдид гардиданд.

Яке аз падидаҳои дигари хушҳолкунандаи ояндадор ин бо шароитҳои хуби зиндагӣ фаро гирифтани мардум ва дуруст ба роҳ мондани фаъолияти хизматрасонии тандурустӣ мебошад. Маҳзи аз натиҷаи ҳамин ғамхориҳо дарозумрии миёнаи шаҳрвандон ба 73.5 сол расид. Ҳисоби миёнаи дарозумрӣ дар Тоҷикистон то соли 2030 80 солро ташкил хоҳад дод.

Бо шарофати дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ноҳияи Дӯстӣ дар даврони истиқлолият рушд ёфт, симои худро ба куллӣ тағйир дод, сатҳи зиндагонии мардум бамаротиб беҳтару хубтар гардид. Фақат тайи чанд соли охир биноҳои хуштарҳу зебои маъмурии нозироти андоз, раёсати молия, суғурта, ҳифзи иҷтимоӣ, инчунин бо ҳимматбаландии соҳибкорон меҳмонхона, мағозаҳои хусусӣ... бунёд, роҳу кӯпрукҳо таъмиру тармим гардиданд. Чунин созандагию бунёдкорӣ оянда ҳам идома меёбад.

Имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, ягона ва дунявӣ устуворона қадам мезанад. Ин кишвари офтобию биҳиштосоро фатҳи қуллаҳои аз ин ҳам баландтар дар пеш аст. Он рӯз дур нест, ки Тоҷикистон дар қатори кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавқеъи устувор ёбад.

Саидзода Нурмуҳаммад Хол – узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Дӯстӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg