БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Омодагӣ ба рӯзи таъсисёбии ҲХДТ

ШАҲРИТУЗ. Имрӯзҳо ҳамаи ҳизбиён дар арафаи рӯзи таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор дорем.

Бахшида ба ин санаи муҳими таърихӣ  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз тасмим гирифт, ки дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ вохӯриву мулоқотҳотои судмандро  баргузор намояд.  Яке аз чунин вохӯриҳо дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Айвоҷ” гузаронида шуд.

Вохӯрии номбурда бо иштироки муовини раис -мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ачилидев Турдимурод баргузор гардид, ки дар рафти он вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ гардид.

Дар фароварди ҷамъомад ба аъзои нави ташкилоти ибтидоӣ  шаҳодатномаҳои ҳизбӣ дар муҳити тантанавӣ ва хотирмон супорида шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg