БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ифтихор аз Пешвои миллат мекунем!

ХУРОСОН. Бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон дар маҳаллаи Имоми Аъзами ҷамоати деҳоти Фахробод бо сокинон атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ , Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва татбиқи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ иштирокчиён бо руҳи идона иштирок намуда, шукргузорӣ аз ташаббусу иқдомҳои некбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон карда, ҳунарҳои дастии хешро ба маърази намоиш гузоштанд.

Баъдан кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар назди ҷамъомадагон оидба кушодашавии  чархаи якуми НБО “Роғун”, сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Данғара  рӯзи 05 ноябри соли ҷорӣ,   самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, тарғиби  анъанаҳои неки ниёгон, рушди ҳунарҳои мардумӣ, пешгирӣ аз хурофоту  бегонапарастӣ, тарбияи дурусти фарзандон дар роҳи ватандӯстиву худогоҳии миллӣ ва моҳияти Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ  таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”, ки барои ҳалли мушкилоти сокинон нигаронида шудааст, андешаронӣ карда, ҳамагонро бароидар амал татбиқ намудани ҳадафҳоисозандаи ҲХДТ ва  Аксияи ҳизбӣ  раҳнамоӣ намуданд.

Дар охир сокинон иқдомҳои неки Пешвои миллатро дастгирӣ карда, афзуданд, ки мо аз Пешвои миллати худ сарфарозу ифтихормандем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg