БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон масъули саломатии ҷомеа мебошанд

ҚУБОДИЁН. Тибқи нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази саломатӣ” атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Дар хониши сиёсӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Шарифзода Маҳмадаюб  иштирок  дошта, дар бораи  таълиму тарбияи фарзанд, раҳнамоии онҳо корҳои созандагиву ободонӣ, касбомӯзиву донишандӯзӣ, ихтирооту навовариҳо, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз бемориҳояи сироятӣ, дар доираи ҳадафҳои  барномавии ҲХДТ дар байни сокинон  бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати  ҳифзу таъмини  сиҳатии омма, муқовимат бо коррупсия ҳамчун зуҳуроти хатаровар ба иқтисодиёти кишвар, пешгирии шаҳрвандон аз  шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротӣ, ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун, ки  бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд, андешаронӣ намуд.

Инчунин, дар идомаи суҳбат мавсуф  дар бораи 24-солагии таъсисёбии ҲХДТ ҳамчун ҳизби созандаву бунёдкор ва пешоҳанги ҷомеа ҳарф зада,  иштирокдоронро ба фарорасии   санаи муҳими  таърихии  давлату миллат Рӯзи таъсисиёбии ҲХДТ  табрику муборакбод гуфт. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg