БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Рушди Тоҷикистон аз рушди деҳаву маҳаллаҳо оғоз мешавад

ДАНҒАРА. Тибқи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сангтӯда” хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Каримов Пирмуҳаммад  иштирок намуда, доир ба мавзӯъҳои ҳадафҳои стратегии мамлакат, Нерӯгоҳи барқи обии Роғун- иншооти аср, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротию иртиҷоӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти мутахассисон тақозои замон, коҳиш додани сатҳи ҷинояту қонунвайронкуниҳо хусусан аз ҷониби ноболиғону ҷавонон, риояи қонунҳои миллӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва иттилооткунонии аҳолӣ аз бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, иҷрои босифати барнома, консепсия ва стратегияҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал, корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати дар сатҳи сазовор истиқбол намудани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳолати зимистонгузаронӣ ва кишти саҳроӣ суханронӣ намуд.

Зимнан мавсуф иброз дошт, ки ҷиҳати дар сатҳи сазовор истиқбол намудани 30- солагии Истиқлолияти давлатӣ фаъолияти дастаҷамъона ва иҷрои сифатноки барномаҳои давлатӣ дар сатҳи маҳал омили муассир ба ҳисоб меравад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg