БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Фарҳанг силоҳи маънавии давлату миллат аст!

КУШОНИЁН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи  Кушониён  дар деҳаи Заводи хишти ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия дар асоси ҷадвали баргузории  хонишҳои  сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия чорабинии сиёсию фарҳангӣ доир карда шуд.

Аҳли заҳмати деҳа дар чорабинии сиёсиву фарҳангӣ фаъолона иштирок намуда, маҳсули дастранҷи худ,  аз қабили  анвои нонӣ, хӯрокҳои миллӣ, сабзавоту меваҷоти тару тозаи кишоварзони асил, қуроқдӯзӣ, гулдӯзиву попурӣ ва дигар намуди ҳунарҳои мардумиро бо шаклу услуби хоса ба маърази тамошо гузоштанд.

Дар чорабинии мазкур   раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён Сатторова Мунаввара ва кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб иштирок намуда,   оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб, ватандӯстӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018 - 2028” , омодагиҳои ҳамаҷониба ба истиқболи ҷашни 30- солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ дар заминаи эълон кардани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл, тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқию маънавии ҷомеа андешаронӣ  намуданд.

Дар фарҷоми чорабинӣ баҳри болидагии хотири ҳозирин намоиши идонаи фарҳангию фароғатӣ пешкаш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg