БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи анъанаҳои ниёгонамон ва рушди ҳунарҳои мардумӣ мароми мост

ВОСЕЪ. Дирӯз дар кӯчаи ба номи Алишер Навоии ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дар рафти чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Сафарова Ҳафиза оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, саҳм гузоштан дар ободонии маҳали худ, тарбия намудани ҷавонон дар руҳияи хештаншиносӣ ва риояи қонунҳои миллӣ суханронӣ намуд.

Ҳамзамон, дар ин раванд мавсуф дар бораи 24- солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, хизматҳои беназири Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 27 соли соҳибистиқлолии кишвар ва Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ибрози ақида карда, иштирокдоронро барои дар амал татбиқ намудани Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!», ки ба некӯаҳволии мардум ва ободии кишвари азизамон равона карда шудааст, ҳидоят намуданд.

Ногуфта намонад, ки дар чорабинӣ занону бонувони ҳунарманд маҳсули дастии хешро, аз қабили таомҳои миллӣ, қуроқдӯзиву чакандӯзӣ, зардӯзӣ ва амсоли онҳоро ба маърази тамошо гузоштанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg