БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Мардуми Тоҷикистон инсонҳои хушбахти рӯи заминанд

ВАХШ. Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи «Чорбоғ»-и  ҷамоати 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон чорабинии фарҳангию фароғатӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ доир гардид. 

Дар чорабинии болозикр кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш иштирок ва суханронӣ намуданд.  

Инчунин, дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аҳли деҳа тамоми ҳунарҳои миллии хоси мардуми тамаддунофари тоҷикро ба намоиш гузошта буданд, ки ҳозирин аз тамошои маҳсулотҳои маҳсули дасти ҳунармандони деҳа ба худ ғизои маънавӣ гирифтанд.  

Дар қисмати сиёсии чорабинӣ раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, Одилҷон Маҳмадов атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ суханронӣ карда, ҳунармандони хушзавқи деҳотро  барои бо дастовардҳои назаррас ҷамъбаст кардани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ даъват  намуд.  

Дар хотима барномаи фарҳангӣ бо иштироки овозхонҳои Муассисаи сафарию ҳунарии “Базморо” дар вилояти Хатлон  пешкаши мардум гардонида шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg