БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Хонишҳои сиёсӣ дар ташкилотҳои ибтидоӣ идома доранд

НОРАК. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳалҳои Кумимтаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии «Роҳсоз»  хониши сиёсӣ доир гардид. 

Дар он муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак Савзалӣ Зоиров ва раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Роҳсоз”  Сафар  Саидов иштирок дошта,  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти  ҳизбӣ андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, масъулин дар назди ҷамъомадагон  оид ба нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Соли  рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ,  аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он,  пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, муқовимат бо коррупсия, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ суханронӣ карда,  ҳамагонро ба корҳои созанда даъват намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg