БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-тарғибгари анъанаҳои неки ниёгон

ҚУБОДИЁН. Эҳёи анъанаҳои неки ниёгон ба ҳамзистиву ҳамсоядорӣ, дасти ёрӣ дароз намудан ба ҳамдигар дар лаҳзаҳои душвори зиндагӣ, бартараф кардани камбудиҳои ҷойдошта ва пойдор нигоҳ доштани оилаҳои ҷавон, пешгирии насли наврас ва ҷавонон аз ҳар  гуна амалҳои номатлуби ҷомеа ва шомилшавии онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад.

Бо ин мақсад дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар  маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзодаи ҷамоати шаҳраки Қубодиён бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоев Ваҳобиддин ва доираи васеъи занони хонашину ҳунарманд чорабинии фарҳангӣ-сиёсӣ  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва Соли тақвияти робита бо маҳал бо намоиш додани ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда шуд.

Зимнан Ваҳобиддин Абдуллоев дар қисмати сиёсии  чорабинӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, ба фаъолият оғоз кардани чархаи аввали НОБ-и Роғун ва сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли 2018  андешаронӣ карда, ҳамагонро барои дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳамчун  ҳизби тарғибгари анъанаҳои неки ниёгон даъват намуд.

Баъдан дар қисмати фарҳангии чорабинӣ занони ҳунарманди маҳаллаи ба номи Мирзо Турсунзода ҳунарҳои худро, аз қабили қуроқдӯзӣ, кӯрпачадӯзӣ, намудҳои сӯзанидӯзӣ, попурӣ  ва шириниҳои қаннодиро ба маърази тамошо гузошта, барои ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои миллӣ омодагии худро баён карданд.

          

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg