БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҷавонон умеди миллат ба ояндаи дурахшонанд

ТЕМУРМАЛИК. Дар арафаи  Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Темурмалик бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №2 вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Ҳадафи асосии мулоқот баҳри таҳкими ватандӯстию худогоҳии миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангии ҷавонону наврасон дар доираи  Барномаи миллии рушди иҷтимоӣ ҷавонон буд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид дар назди ҳозирин оид ба таърихи 3000 солаи Парчам маълумот дод.  

Ҳамчунин, дар бораи ба кор даромадани чархаи якуми Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, бемории ВИЧ/СПИД  ва дигар масъалаҳо баромад кард. Дар мулоқот инчунин, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабов Ҷаҳонгир вобаста ба ҷашни Парчам, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, Оинномаю  Барномаи намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» баромад кард.

Ғайр аз ин  ба ҷавонону наврасон варақаҳои таблиғотии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон тақсим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg