БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон ба қадри арзишҳои давлатдории миллӣ мерасанд

ВОСЕЪ. Дар кӯчаи Умари Хайёми ҷамоати шаҳраки Ҳулбук намоиши ҳунарҳои мардумӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Шаҳноза Раҷабова, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Гулрухсор Мирзоева ва мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттиллот, матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ Ситамова Роҳила ва корманди масъули Кумитаи иҷроия Манучеҳри Хуршед иштирок ва баромад намуданд.

Зимни мулоқот бо сокинони маҳал кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳияви  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханронӣ намуда, қайд карданд, ки боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин Созмонҳои байналмиллалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад, ки ин барҳақ мояи ифтихору руҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанони мо мебошад.

Парчами давлати нишони давлатдории миллати тоҷик аст. Эҳтиром гузоштан ба Парчам-рамзи давлатӣ ин эҳтиром ба худи мост, ба мавқеъ ба ҷойгоҳ, ба ҳамсоя, ба ҷомеа, ба таърих, фарҳанги гузашта, ба он муборизаҳоест, ки тавассути он мо имрӯз ба истиқлолият расидаем.

Ин як навъ ҷоннисорӣ, ҷонбозист ва арзишҳоест, ки ҳудуду паҳно надоранд ва хулоса, ин як навъ қомуси хирад ва андеша аст.

Он чизе, ки муқаддас аст наҷиб аст, сатҳи аз ҳама олӣ аст, онро бояд, ки дӯст дошт ва Парчами тоҷик ва кулли муқаддасоти миллӣ шоистаи дӯст доштанӣ аст ва он чизе, ки аз ибтидо то ба имрӯз дар Парчам ҷойгир аст, мо онро бояд эҳтиром кунем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg