БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои мо ифтихор мост!

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи нақшаи кории Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар   ташкилоти  ибтидоии  ҳизбии  “Раёсати  молия” -и ноҳия  дар  мавзӯъи “ Пешвои  мо ифтихори  мост!”    хониши сиёсӣ баргузор  гардид.

Хониши  сиёсиро мудири  шуъбаи  таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар  ноҳияи Носири Хусрав Муродов Раҳмон ифтитоҳ намуда, мақсади  вохӯриро фаҳмонида  қайд  намуд, ки боиси  ифтихори мост, ки бо ҷаҳду  талошҳои Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон, мардуми мо  шаҳди сулҳу салоҳ ва Истиқлолияти давлатиро чашида,  обрӯ ва нуфузи кишварро дар арсаи ҷаҳон боло бардоштанд. Мардуми кишвар ба Пешвои миллат барои чунин хизматҳои шоёнашон маҳбубияти хосса доранд ва ҳамаи сокинони кишвар аз ҷумла мо сокинони ноҳияи Носири Хусрав Рӯзи Президентро бо самимият ва ғурури баланди миллӣ, ҳамчун рӯзи волоияти қонун ва демократияи ҳақиқӣ ҷашн гирифта, иқдомҳои нав ба нави сиёсати созандаву фарҳангии Сарвари давлатамонро барои оромию пешрафти ҷомеа дастгирӣ ва қадр менамоем. Ташаббуси нави Пешвои миллат вобаста ба ободониву  созандагӣ дар шаҳру ноҳияҳои кишвар ва сазовор истиқбол намудани   30-  солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз бузургтарин иқдомот барои мардуми кишвар ба шумор меравад.

Ташаббуси  бузургтарини  Пешвои  миллат  дар  баробари  сулҳу салоҳ ин сохтмони Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки бо  меҳнати фидокоронаи сохтмончиёну муҳандисон ин шооти бузугтарин ва аз ҳама муҳимтарини гидроэнергетикии Тоҷикистон дар арафаи ба анҷом расидан   қарор дошта,   чархаи  якуми  он  рӯзи  16-уми ноябри соли ҷорӣ дар  Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат ба кор андохта шуд. Ин  рӯзро тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дербоз интизор буданд, чунки Нерӯгоҳи барқии обии  Роғун воситаи муҳимтарини баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, омили тавонбахши рушди маорифу тандурустӣ, илму фарҳанг ва фаъолияти пурсамару бардавоми корхонаву муассиса ва дигар иншоотҳои иҷтимоӣ ва муҳимтаринаш нури  рушноиву  гарм дар  хонадони  ҳар яки мову шумо мебошад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg