БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ Шӯрои марказии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шӯрои марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” кулли ҷавонони сарбаланди кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод мегӯяд.

Мо насли ҷавони Тоҷикистони соҳибистиқлол ифтихор аз он дорем, ки фарзандони миллати соҳибтамаддун ҳастем ва гузаштагони бонангу меҳанпарвари мо аввалин оини парчамдориро бунёд гузоштаанд.

Аз ин рӯ мо амиқан ба дарки моҳияти баланди сиёсӣ ва фалсафаи миллии Парчами давлатӣ расида, онро ҳамчун нишони ватандорӣ ва рамзӣ иттиҳоду ягонагии халқ дар роҳи ҳифзи озодиву истиқлолият, гиромӣ медорем.  

Дар ин росто, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дурустӣ таъкид кардаанд, ки: «Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо, хусусан ҷавонон ба ҳисоб меравад ва зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандӯсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад».

Дар партави ин самимият, мо ҷавонон, ки умеди имрӯзу фардои миллат ҳастем, ин арзиши бузурги давлатдории миллиамонро асолатмандона ҳифз карда, бо кору амалу номи неки худ Парчами Тоҷикистонро дар баландтарин пояҳои дунё парафшон месозем.

Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад, ҷавонони созандаи Ватан!

24.11.2018, ш. Душанбе

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg