ПАНҶ. Тибқи дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷиҳати сазовор ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар як қатор муассисаю ташкилотҳои ноҳия корҳои ободонию созандагӣ роҳандозӣ гардида истодааст. Бо истифода аз қувваи фаъолони ҳизб, коргарону кормандони ташкилоту муассисаҳои ноҳия, аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан», ҷавонону наврасон баҳри ободу зебо гардонидани кeчаю гулгаштҳои ноҳия шанбегиҳои умуминоҳиявӣ ташкил карда шуда истодаанд. Дар ин маъракаҳои муҳим кормандони масъули КИ ҲХДТ дар ноҳия ҳамчун намуна фаъолона иштирок доранд.
Дар ин маъракаҳои ободонӣ фаъолон бо тозаю озода намудани кeчаю хиёбонҳо, нарм кардани бехи дарахтон, шинондани гулу гулбуттаҳо ва дарахтони ороишӣ машғул шуданд. Ҳамчунин, тоза кардани саҳни корхонаву идораҳо, ба тартиб даровардан ва насб кардани шиору овезаҳо низ ба ин ободкориҳо дохил буданд.
Бо инобати таҷлили ҷашнҳои муҳими давлатӣ минбаъд низ маъракаҳои ободонию ниҳолшинонӣ дар ноҳия идома дода мешавад.