
ДӮСТӢ. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо сокинони деҳоти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Ғалаба»-и ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл вохӯрӣ доир гардид.
Зимнан масъулин ҷамъомадагонро бо санаи муҳими таърихӣ Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дастовардҳои бузург ва муҳимми даврони Истиқлолият мебошад, шодбош гуфта, зикр намуданд, ки Парчам яке аз муқаддастарин рамзи давлату миллат буда, дар байни дигар давлатҳо нуфузу мақоми хоса дорад.
Дар идомаи суҳбат аз ҷониб масъулин таъкид гардид, ки ин санаи таърихиро ба саъми тамоми сокинони деҳот аз хурд то бузург расонанд. То дар хотири ҳар як сокини деҳот яке аз рӯзҳои ҷашнии фаромӯшнашавнда боқӣ монад.