ПАНҶ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо ҷавонон ва ҷонибдорони ҳизби маҳаллаи Ёзғанди ҷамоати деҳоти Меҳвар чорабинии ҳизбӣ таҳти унвони «Мо ҷавонон бо Пешвои миллатамон ифтихор дорем!» бахшида ба ҷашнҳои муҳимми давлатӣ аз ҷумла Рӯзи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ва Рӯзи парчами давлатӣ доир гардид. Макони чорабинӣ бо парчаму шиору овезаҳои ҳизбиву давлатӣ оро дода шуда буд. Ташкилкунандагон ҳамчунин намоиши маҳсули истеъдоду ҳунари сокинони маҳалро роҳандозӣ намуданд.Сараввал меҳмонон аз намоишгоҳ дидан намуда, ба хулоса омаданд, ки дар ҳақиқат мардуми маҳал бо эҳёи ҳунарҳои мардумӣ дар ин самт саҳми зиёд гузоштаанд.
Дар ибтидои ҷамъомад раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ Файзиев Каримҷон қайд намуд, ки ба таъкиди Сарвари давлат, ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Ҳамеша бояд дар хотир дошт, ки ҷавонон қишри аз нигоҳи сиёсиву мафкуравӣ фаъол ва созандагони ҷомеа ба ҳисоб мераванд. Бо ҳамин, хотир Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷаҳонбиниву баланд бардоштани сатҳи дониши ҷавонон ҳавасманд буда, ба таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар донишгоҳҳои мамлакатҳои пешрафтаи ҷаҳон мусоидат мекунад.
Дар идома Ғафуров Сайдамир роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» зимни суханронӣ оиди фаъолияти волонтёрҳои ташкилоти ҷамъиятии «Созандагони Ватан» ёдрас шуд. Аз ҷумла қайд намуд, ки бо ташаббуси ёварони ТҶҶ «Созандагони Ватан» як қатор корҳои созандагиву ободонӣ дар ноҳия гузаронида шуда истодаанд.
Ҷавобан якчанд нафар ҷавонони маҳал дар баромадашон қайд намуданд, ки дар дили хеш ҳисси баланди миллӣ дошта, худшиносу худогоҳ мебошанд ва сазовори боварии давлату Ҳукумат, Ватан-Модар, ба сарвари худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон содиқ буда, бо ободкориву созандагии худ Тоҷикистонро машҳури дунё мегардонанд. Ғамхориву меҳрубониҳои падаронаи Пешвои миллатро нисбати насли ҷавону ояндасоз ба инобат гирифта, мо насли ҷавон барои рангину зебо намудани давлати навину тозаистиқлоли хеш талош хоҳем кард.
Қисмати охири чорабинӣ бо супоридани Ифтихорномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ ба ҷавонони фаъолон ва хунармандони беҳтарин хотима ёфт.