
КӮЛОБ. Дар маҳаллаи Хати роҳ намоиши ҳунарҳои мардумӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва Соли тақвияти робита бо маҳал баргузор гардид, ки дор он сокинон ҳунарҳои дастии худро ба маърази дид гузоштанд.
Зимни он раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул иштирок ва суханронӣ намуд. Ӯ қайд намуд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд, дар маҳаллаҳо ва деҳаҳои шаҳри Кӯлоб намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор карда мешаванд. Ин иқдом имконият медиҳад, ки ҳунармандон ҳавасманд гардида, ҳунарҳои худро дар хона ривоҷу равнақ диҳанд.
Таъкид гардид, ки ҳунармандонро зарур аст то дар баробари фаъолияти пурсамар дар тарбияи шогирдони боистеъдод ва шинос намудани онҳо ба ҳунарҳои миллӣ низ саҳм гузоранд.
Дар охир аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Роғун – каъбаи нур!” роҳандозӣ шуда, миёни сокинон армуғонҳо тақим гардиданд.