БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Сокинон санаҳои муборакро бо хушнудӣ пешвоз гирифтанд

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо дар маҳалла ва ташкилоту муассисаҳо дар деҳаи Садбаргҳои ҷамоати деҳоти ба номи А.Лоҳутӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайидҷалол Сатторов, Ҷамолиддин Қаюмов, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии  № 25 Ҳ. Ҳайдаров ва дигар шахсони даъватӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТсуҳбат доир карда шуд.

Дар назди иштирокдорон Сатторов Ҷамолиддин Қаюмов баромад намуда, ҳамагонро ба санаҳои муборак–Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба кор андохтани чархаи аввали НБО Роғун ва Иҷлосияи тақдирсозии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, дар бораи ин рӯзҳои таърихӣ ба таври муфассал маълумот доданд.

Ҳамчунин дар баромад ҷамъомадагон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ маълумоти кофӣ пайдо намуданд.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Ҳ. Ҳайдаров дар назди аҳли нишаст дар мавзӯи “Сулҳу ваҳдат-бахти миллат” баромад намуда, афзуд, ки ҳама пешрафту тараққиёти кишвар ва зиндагии осудаҳолонаи мардум ба пойдории сулҳу субот вобаста аст, аз ин рӯ мо бояд барои сулҳ дар кишвар ба таври доимӣ кӯшиш намоем.

Корманди маркази ВНМО М. Мирзоева дар баромадаш дар бораи роҳҳои гузариш ва пешгирии ин бемории хеле хавфнок бо мисолҳои ҳаётӣ маълумоти муфассал дод.

Сокинони маҳалла ба ифтихори Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидани соли 2018 намоиши ҳунарӣ ташкил намуданд, ки  бо рангорангӣ ва номгӯи хеле диданӣ буд.

Дар доираи  баргузории Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” сокинони маҳал мумфарш намудани 3 километр роҳи деҳаро ба уҳда гирифтанд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg