
ҲАМАДОНӢ. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Марғоби ҷамоати деҳоти Қаҳрамон баргузор гардид.
Зимни баргузории вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар бораи Иҷлосияи таърихии сарнавиштсози миллат Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ ва ба кор даромадани агрегати якуми НБО-и Роғун бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Давлатҷон Ғаффорзода қайд кард, ки самаранок истифода бурдани нерӯи барқ ва пардохти саривақтии ҳаққи истифодаи он нишонаи фарҳанги баланд ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як сокини мамлакат буда, ба таъмини фаъолияти муназзаму боэътимоди шабакаҳои интиқоли барқ ва низоми энергетикӣ мусоидат менамояд.