
ФАРХОР. Бо сокинони деҳаи Сомониёни ҷамоати деҳоти Зафар вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор баргузор гардид. Дар вохӯрӣ Раҳмонов Далер ва Абдураҳмонов Ҷамшедҷон иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни суханронии худ оид ба аҳмияти ба истифода дода шудани НБО Роғун дар тараққиёти минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ва дар ин замина амалӣ гаштани яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат ва ба даст овардани истиқлолияти энергетикии ҷумҳурӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ, вусъати кишту кори такрорӣ, ки аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Данғара бармеояд, ёдовар шуда, иштирокдоронро барои расидан ба ҳадафҳои созандаи ҲХДТ баҳри ободии Ватан ва осудагии рӯзгори сокинон даъват карданд.