БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Коррупсия зуҳуроти хавфнок дар ҷомеа

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Раёсати сармоя ва амволи вилоят”  бо кормандони он тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардида, дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  Асадуллозода Ватан ва Ҳакимова Волида иштирок намуданд.

Зимнан Асадуллозода Ватан  оид ба сафари  кории  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ноҳияи Данғара санаи 5 ноябри соли ҷорӣ, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ, эълон гардидани соли 2018 ҳамчун Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ андешаронӣ намуд.   

Баъдан  Ҳакимова Волида  атрофи яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон дар самти мубориза бар зидди коррупсия бо роҳи ташаккули мафкураи зиддикоррупсионӣ дар онҳо ба сухан карда,  қайд намуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад. Гузашта аз ин, коррупсия дар ҷомеа ба риоя нашудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон замина фароҳам меорад ва ба пояи ахлоқ зарба мезанад.

Аз ин рӯ, аз ҳар яки шумо даъват ба амал меоварам, ки ҳангоми ба ҳолати коррупсионӣ дучор шудан ба Агентии мубориза бо коррупсия муроҷиат кунед ва саҳми худро дар пешгирӣ ва муқовимат бо коррупсия гузоред.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg