БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ таблиғкунандаи омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ дар байни ҷавондухтарон аст

ҶАЙҲУН. Дар асоси ҷадвали баргузории вохӯрию мулоқотҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун дар коргоҳи дӯзандагии «Меҳрона» воқеъ дар деҳаи Ҳомиёни ҷамоати деҳоти «Қумсангир»-и ноҳияи Ҷайҳун чорабинии таблиғотии ҳизбӣ оид ба тарғиби Соли рушди саёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, инчунин ҷиҳати расонидани моҳияти самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Алиева Фарзона, мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ғафорова Насима ва роҳбари коргоҳи дӯзандагии дар боло номбурда Хайрулоева Гулнора баргузор гардид.

Қобили зикраст, ки дар давоми 10 моҳи соли 2018, 20 нафар ҷавондӯхтарон дар коргоҳи мазкур аз рӯи омӯзиши либосҳои миллӣ аз қабили попурӣ, қуроқдӯзӣ, гулдузӣ ва ғайра омӯзиш гирифта, мустақилона фаъолият карда истодаанд. Дар рафти чорабини кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун баромад намуда қайд карданд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин қайд карданд, ки “Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар” Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон карда шавад. Дар ин раванд, Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки барои рушди ҳунарҳои мардумӣ ба соҳибкорон ва ҳунармандон ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнокро тавассути Фонди дастгирии соҳибкорӣ васеъ ба роҳ монад. Инчунин, бо мақсади ҳавасмандгардонии аҳолӣ ҷиҳати истеҳсоли молҳои ниёзи мардум дар хона ва рушди ҳунарҳои мардумӣ аз 1 январи соли 2018 фурӯши чунин молу мавод аз пардохти ҳамаи намудҳои андоз озод карда шавад”. Ин иқдоми наҷибона тамоми мардуми кишварро рӯҳбаланд намуд. Дар баробари ин, дар ноҳия занону духтарони ҳунарманд дар дӯхтани либосҳои миллӣ маҳорати баланд доранд. Аммо онҳо имконият надоштанд, ки маҳсули дастранҷи худро ба бозорҳои дохиливу хориҷӣ ба фурӯш бароранд. Пешвои миллат роҳи дурахшонро барояшон кушоданд. Ҳар як ҳунарманд бе пардохти андоз ва боҷи гумрукӣ ҳунарҳои миллии худро ба гардиши бозори дохиливу хориҷӣ бароварда маҳсулотҳои худро муаррифӣ месозанд. Эълон намудани Соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Пешвои миллат, айни муддаост, бо ин восита ҳунармандон маҳсули эҷоди худро бе ягон мамоминат ба фурӯш бароварда, сатҳи зиндагии худро беҳтар месозанд.

Дар фарҷом кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Чайҳун иброз доштанд, ки мо боварии комил дорем, ки рушди ҳунарҳои миллӣ боз ҳам густариш меёбаду мардуми ҳунарманд ба ҷойҳои корӣ таъмин мегарданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg